Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:16

«Ҳар касу дави аспаш» ё як рӯзи аввали тобистон дар Душанбе

1 июн 2011, 12:51

Ба иттилои як танзимгари хатсайри мусофиркашии рақами 19, имрӯз аз 118 маршут танҳо 51-52 тояш фаъолият карда истодаанд ва боқимондааш аз сабаби надонистани он ки то куҷо мусофиронро мебаранд, корашонро  ба таъхир гузоштанд.  

Ноогоҳии мусофирон аз тағйири хатсайрҳо, ба миён омадани нофаҳмиҳо байни мусофир ва ронанда, ҳамчунин амалан болоравии нархи роҳкиро имрӯз дар хатсайри 19 сару садоҳи зиёдеро ба миён гузошт. Аҷибаш дар он ки аз тақсими хатсайрҳо, ҳам бархе ронандаҳо ва ҳам иддае аз мусофирон изҳори нигаронӣ карданд. Ба иттилои як танзимгари хатсайри 19 имрӯз аз 118 маршути 19 танҳо 51-52 тояш фаъолият карда истодаанд ва боқимондааш аз сабаби надонистани он ки то куҷо мусофиронро мебаранд, фаъолияташонро ба таъхир гузоштанд. Дар ҳамин ҳол як нафар ронанда ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ки масъулин қабл аз тақсими хатсайрҳо бояд аққалан як бор бо ронандаҳо сӯҳбат мекарданд ва дар асоси мувофиқа намудан чунин тасмимро амалӣ менамуданд. Ба қавли ин ронанда, феълан, чунин мушкилот ба миён омад, ки ронандаҳо хоҳиши гирифтани  экспрессро пайдо кардаанд, вале маълум нест, ки ин боз чӣ гуна паёмадҳоро ба миён меорад. Ҳамсӯҳбатамон аз болоравии нархи роҳкиро низ изҳори нигаронӣ намуда  гуфт,  ҳоло бо мусофиркашонӣ зиндагиро пеш бурдан мушкил шудааст.

 

Экспрессу донишҷӯву як деҳқон

Хуршед Ҷӯраев, донишҷӯи донишкадаи молиявӣ-иқтисодӣ, сокини пойтахт мегӯяд, то имрӯз ду маршут менишастам акнун бо ба миён омадани ин гуна тағйиротҳо дар хатсайрҳо ва болоравии нархи роҳкиро қариб 5 маршут менишинам, ки бароям мушкил аст. Рости сабаби чунин тағйироти хатсайрҳоро намедонам, вале аз сабаби он ки бо ин гуна тағйирот аз дарс дер мемонам, ба ин розӣ шуда наметавонам.  Рустам Ибрагимов, сокини пойтахт, ки дар як гӯшаи Душанбе ба деҳқонӣ машғул аст, афзуд, ки аз саҳар то ҳол қариб  3-4 соат мешавад, мунтазири маршут ҳастам, ки маро мисли ҳаррӯза ба ҷои даркорӣ барад, вале вақте манъ мекунем, ронандаҳо мегӯянд : « то охираша намеравем» Охир, ман як одами камбағал астам, бо деҳқонӣ зиндагиро базӯр таъмин мекунам, чӣ гуна метавонам, бо чунин нархҳои гарони роҳкиро ба ду маршут равам, акнун қимат карданд маҷбурем, ки савор шавем.

Як масъули хатсайри мазкур, ки нахост  номаш ифшо шавад,  мегӯяд: «мақсад аз  тақсими хатсайрҳо ва роҳандозӣ намудани экспресс ин осон кардани мушкилоти мусофирон мебошад, хатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медиҳанд, онҳоро ба ду қисм ҷудо кардаанд ва ин албатта ба манфиати он нафароне аст, ки то охири ин хатсайр намераванду бо 80 дирам ба ҷои хостааш мерасад. Агар бо экспресс бошад 1 сомону 60 дирам мегиранду то охири хатсайр мераванд» . Ҳамсӯбатамон гуфт, экспресс  на ба микроавтобусҳои ҳамаи хатсайрҳо дода мешавад, ин ба хатсайрҳои 2, 8, 17, 19, 25, 28, 54 дода мешавад. Ӯ дар ҳоле аз  беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба мусофирон дар ҷудо намудани хатсайру роҳандозии экпрес с ҳарф мезанад, ки бархе аз сокинон аз чунин тасмимҳо  баръакс изҳори  ташвишу саргардонӣ мекунанд.{jathumbnail off}

Алишер Зариф


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!