Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:26

Путин маҳсулоти нафтиро коҳиш дод. Аммо бензин дар Тоҷикистон арзон намешавад

27 апрел 2012, 04:43

Владимир Путин, сарвазири Русия рӯзе пеш қарореро имзо кард, ки тибқи он аз 1-уми май содироти маҳсулоти нафтӣ аз Русия 12 доллар арзонтар мешавад.

Ширкатҳои содиркунандаи бензини русӣ аз аввали май барои як тонна, 403 долларро ҳамчун боҷи содиротӣ пардохт хоҳанд кард. Моҳи ҷорӣ ин нишондод ба 415 доллар баробар аст. Барои маҳсулоти нафтии рӯшани дигар, Путин ҳаҷми боҷи содиротиро аз 304 доллар то 296 доллар поён фаровардааст.

Тоҷикистон тибқи иттилои расмӣ 95 фоизи маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид намуда, ҳаҷми боҷи содиротӣ яке аз омилҳои асосии ташаккулдиҳандаи нархи сӯзишворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон аст. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо айни ҳол нархи як литр бензини навъи АИ-92 дар пойтахти Тоҷикистон 6,6 сомонӣ ва АИ-95 6,9 сомониро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, коҳиши ҳаҷми боҷи содиротии нафти Русия ночиз буда, ба нархгузориҳо дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон таъсири назаррас нахоҳанд дошт.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!