Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:37

КҲФ: Сел дар ҷануби кишвар 378 манзили зистро хароб кард

30 апрел 2012, 05:52

Дар пайи боронҳои пуршиддати шабонарӯзи гузашта дар вилояти Хатлон 5 манзили зист пурра хароб гашта, 373 бино қисман зарар дидаааст.

30 оилаи дигар зери хатари сел қарор дорад.
Тавре ба Озодагон аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода иттилоъ доданд, боришоти зиёди борон дар шаҳри Кӯлоб сабаби баланд шудани сатҳи оби сойи «Тебалай» гардида, ба 82 манзили зист, иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ зарар расондааст. Дар ноҳияи Мӯъминобод бошад, сойи «Лангар» аз соҳил берун баромада, 5 хонаи истиқоматро пурра вайрон кардааст. Як қисми роҳҳои байни деҳаҳои ҷашмаи «Ҷӯшон», «Сангдара»,» Сангдараи Боло» ва «Сангдараи Поён» хароб гаштааст. Ғайр аз ин 85 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи «Чашмаи Ҷӯшон» ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла қубурҳои обгузар, трансформатори барқӣ, роҳҳои автомобилгард ва заминҳои кишт зарар дидаанд.
Дар деҳаи Толеи Нав 19 хонаи истиқоматӣ, деҳаи Сангдараи ҷамоати деҳоти «Бохтай» 6 хона, деҳаи Тебалайи ҷамоати деҳоти Балхоб 66 манзил ва 20 хонаи истиқоматии деҳаи Туто зарар дида, зиёда аз 30 оила барои кӯчонидан эҳтиёҷ доранд. Ҳамунин, 52 манзили истиқоматии аҳолии ноҳияи Восеъ ва 43 хонаи зист дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бар асари борон ва омадани сел зарар дидааст.
Айни замон, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва муайян намудани ҳаҷми хисорот ҷараён дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!