Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:48

42 ярмарка 667 нафарро бо ҷои кор таъмин кард

30 апрел 2012, 08:32

667 корҷуи суғдӣ дар пайи ярмаркаҳо бо ҷои кор таъмин шудаанд.

Аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар чор моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 42 ярмаркаи ҷойи кори холӣ гузаронда шудааст. Ҳамчунин, дар пайи ин ярмаркаҳо 357 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
«Тайи чор моҳ мувофиқи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013» бо ҷойи корӣ таъмин намудани 8477 шаҳрванди корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шуда буд, ки 3419 нафар тариқи роҳхатҳои раёсату шӯъбаҳои Агентии шаҳру ноҳияҳо барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат шуд. Ин 40,3 фоизи нишондиҳандаи барномаи солонаро ташкил медиҳад»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар мегӯяд, дар ин давра ҳамчунин аз ҳисоби шаҳрвандони бекори дар қайдбуда ба 1387 нафар муроҷиаткунанда барои касбомӯзӣ аз рӯи 20 номгӯи ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат роҳхат дода шуд ва  онҳо ройгон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Аз ҳисоби гурӯҳҳои худмаблағгузор бошад, дар давраи ҳисоботӣ 1726 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб шуданд. Барои ҳарчӣ бештар таъсис додани ҷойи кори иловагӣ ва рушди соҳибкории хурд, соли ҷорӣ тавассути раёсату шӯъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба 220 нафар шаҳрвандони бекори хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро дошта қарзҳои имтиёзнок дода шуд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!