Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:19

Сафири Русия дар Душанбе зидди низоми раводид байни Тоҷикистону Русия аст

30 апрел 2012, 10:56

Воқеан баъзе аз расонаҳои хабарии Русия ва гурӯҳе аз сиёсатмадорони рус дар робита ба фаъолияти муҳоҷирон дар Русия суханони нохушоянд мезананд.

Ин матлабро Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни мусоҳибаи ихтисосие бо хабаргузории Озодагон баён дошт. Номбурда дар посух ба суоли «Вожаи «муҳочират» ду давлатро ба ҳам пайваст мекунад. Баъзе аз намояндагони давлати Русия дар робита ба раванди муҳоҷирати тоҷикон сару садои зиёд баланд карда, изҳоротҳое низ пахш карданд. Ин низои лафзӣ то ҷое расид, ки баъзе аз мансабдорони рус аз ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ сухан карданд. Назари шумо ба ин мушкилот чист?» гуфт:
«Ба тахмини ман чунин баҳогузорӣ (маҳкумияти сиёсиро дар назар надорам) бо он асоснок мешаванд, ки муҳоҷирони Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳои дуру наздик ба кишвар ва фазои барои худ бегона ворид шуда, бо баҳонаҳои воқеиву ғайривоқеӣ қонунгузории Русияро риоя намекунанд. Бархе аз сиёсатмадорони рус аз чунин вазъият ба манфиати худ истифода карда, аз ҷорӣ кардани низоми раводид сару садо баланд мекунанд. Бояд зикр намоям, ки чунин сиёсатмадорон дар Тоҷикистон низ вуҷуд доранд. Боре ҳам нашудааст, ки намояндагони расмии давлати Русия бо чунин изҳорот баромад карда бошанд. Чунки муҳоҷират- хиёбони дуҷониба аст. Аз мавҷудияти муҳоҷират на танҳо кишварҳои муҳоҷир, балки давлатҳои қабулкунанда низ манфиати зиёде доранд.
Ҳамкорӣ бо масоили муҳоҷирати меҳнатӣ маҳдуд намешавад. Миёни кишвар ва мардуми русу тоҷик иртиботи зичу қавӣ берун аз сатҳи давлатӣ низ ба роҳ монда шудааст. Аксари тоҷикистониҳо дар Русия хешу табор доранд. Бояд гуфт, ки дар гузаштаи начандон дур дар ҳудуди як давлат зиндагӣ доштем, ки чунин муносибот дар як соат аз байн намеравад. Аз ин хотир ман бар ин бовар ҳастам, ки ҷорӣ кардани низоми раводид чӣ барои Тоҷикистон ва чӣ барои Русия мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меовард.
Мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки ба давлат хисороти зиёд расонида, сарчашмаи ҷиноят ҳам аз ҷониби муҳоҷирон ва ҳам аз ҷониби кордиҳандагон мебошад, масъалаи дигар аст. Владимир Путин, сарвазири кишвар дар ҷаласаи  Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия низ чанде қабл аз масъулин даъват ба амал овард, то ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи муҳоҷирон устувор намоянд.
Масъалаи дигар низ вуҷуд дорад: гурӯҳе аз сиёсатмадорони Тоҷикистон низ талош доранд, то мушкилоти муҳоҷиронро ба манфиати хеш истифода кунанд. Расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон марги ҳар як муҳоҷирро ба «скинхедҳо» ва миллатгароён рабт медиҳанд. Аммо санҷишҳо собит месозад, ки гурӯҳе аз муҳоҷирон дар натиҷаи беморӣ, ҷароҳати вазнин ва ё задухӯрд ҷони худро аз даст додаанд. Қатли муҳоҷирон дар асоси миллигароӣ хеле кам аст. Тибқи омор мизони марги иҷбории муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия баробари нишондод дар дохили Тоҷикистон мебошад».

Идомаи мусоҳибаи Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистонро инҷо мутолиа намоед:   http://www.ozodagon.com/sr/item/16383

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!