Бар асари 11 амалиёти артиши афғон ва нерӯҳои эътилоф дар музофотҳои мухталифи Афғонистон 19 ҷангӣ кушта ва 5 тани дигар таслим шудааст.
Ба иттилои ВКД-и давлати исломӣ амалиётҳо дар вилоятҳои Фарёб, Бағлон, Кобул, Логар, Вардак, Хост, Қандаҳор, Ҳилманд ва Фараҳ анҷом шудаанд.
Ҳамчунин, аз ҷангиён миқдори зиёди силоҳу аслиҳаро мусодира кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳои расида, рӯзи гузашта дар ҳудуди музофоти Зобул дар пайи задухӯрди мусаллаҳона миёни нурӯҳои амрикоӣ ва ҷангиёни «Толибон» се кӯдак ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр