Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

Аҳволи расонаҳо дар арафаи интихоботи президентӣ танг мешавад?

3 май 2012, 06:14

Васоити ахбори оммаи кишвар, ки рӯ ба рӯ интихоботи президентии соли 2013 истодааст, ба мушкилоти тозае гирифтор хоҳад шуд.

Ин нуктаро Хуршеди Атовулло, раиси Медия Алянси Тоҷикистон зимини суханронӣ дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Душанбе изҳор намуд. Номбурда ба интихоботҳои қаблӣ ва ҳаводиси Рашт ишора кард, ки баъди он болои расонаҳо фишор оварда шуд. Раиси Медия Алянс мушкилоти сангини бақайдгирии расонаҳо, набудани чопхонаҳои мустақил, ба дарозо кашидани қонун дар бораи ВАО-ро аз зумраи омилҳое унвон кард, ки дар рушди озодии баён монеа эҷод мекунанд: «Мушкилоти дигар ин, суду субозиҳо ва талаби маблағҳои гушношунид аз расонаҳо аст. «Шикор»-и чобхонаҳо аз ҷониби Кумитаи андоз ҳам мушкили аслӣ мебошад».

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) гуфт, имсол қазияи расонаҳо нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст. Вай афзуд, саҳми ВАО дар рушди озодии баён назаррас мебошад.  Акабри Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ дар навбати худ  иброз дошт, ки барои таъмини озодии баён 3 омил- ҷасорат, касбият ва риояи одоби ахлоқ лозим аст. Номбурда мегӯяд, тавассути ин 3 омил метавонем озодии баёнро таъмин созем.
Феълан, иштирокчиёни конфронс ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, мавзӯъҳои мухталифро баррасӣ кардан доранд. Баъди ҷамбаст ва натиҷагирӣ аз кори гуруҳҳо маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин рӯзноманигорон сурат мепазирад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!