Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:25

Беш аз 122 кило маводи нашъадор мусодира шуд. Дар Суғд

3 май 2012, 06:23

Дар ин бора ба хабарнигори Озодагон дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (ШМЗГҒМН)-и РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, давоми 4 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони ШМЗГГМН шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 122 килову 490 грам маводи нашъовар  забт ва мусодира шуд, ки зиёда аз 19 кг-и он ҳероин, 100 кило гурӯҳи бангдона ва 2 кг-аш  афъюн будааст.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 кило зиёд медошад. «Дар 4 моҳи соли гузашта аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 113 кг. маводи мухаддир мусодира шуда буд»,-афзуд манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 81 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201- (муомилоти ғайриқонуии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ оғоз шуда, тафтишот идома дорад .


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!