Хабарнигорони «Азия Алюс», «Имрӯз news» ва «Миллат» соҳиби ҷоизаи озмуни гурӯҳи расонаҳои Озодагон шуданд.
Ҷоизаи аввал ба номи Буриниссо Бердиева ба озодатарин рӯзноманигори бону насиби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи «Азия Плюс» шуд. Ҷоизаи дуюмро ба Абдуазими Абдуваҳоб аз «Имрӯз news» ва ҷоизаи сеюмро ба Раҳматкарими Давлат, хабарнигори ҳафтаномаи «Миллат» сазовор донистанд. Ба ин се хабарнигор бо қарори аъзои ҳакамон барои беҳтарин матлабҳояшон дар мавзӯи озодии баён ҷоизаҳо тақдим шуд. Зафари Суфӣ, роҳбари гурӯҳи расонаҳои Озодагон гуфт, ки озмуни мазкурро ба муносибати Рузи озодии баён ва яксолагии таъсисёбии хабаргузории Озодагон созмон ёфт. Ёдовар мешавем, хабаргузории Озодагон рӯзи 3-юми майи соли 2011 расман фаъол шуд.
Мӯҳр