Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:44

3G «МегаФон» тавсеа меёбад

3 май 2012, 12:00

Ширкати «МегаФон» ҷиҳати беҳтар намудани сифати алоқа дар шабакаҳои насли сеюм ва васеъкунии минтақаи фарогирии шабака корҳои ҳамаҷонибаро идома медиҳад.

Танҳо давоми як моҳи сипаришуда дар натиҷаи корҳои ба анҷомрасонида дар ноҳияҳои зерини вилояти Хатлон истгоҳҳои базавии навъи 3G «МегаФон» насб ва роҳандозӣ шудаанд:
- Курғонтепа, кӯчаҳои Айнӣ-2 ва Кайҳоннавардон-1;
- Бохтар, деҳаҳои Қизил-Юлдуз ва Авангард;
- Ёвон, деҳаи Шота Руставели;
- Носири Хусрав, деҳаҳои Комсомол ва Бешкалла;
- Ноҳияи Вахш, минтақаи Дӯстии Халқҳо;
- Ноҳияи Қумсангир.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ истгоҳҳои базавӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, дар деҳаи Шайнаки Муллогадо ва дар ноҳияи Файзобод дар деҳаи Бобои Валӣ сохта шудаанд.
Дар вилояти Суғд сифати алоқа бо насби як шабакаи базавӣ дар ноҳияи Ашт, ҷамоати Понгоз ба маротиб беҳтар шуд.
«Шабакаи МегаФон ба мисли табиати зинда, ҳамеша инкишоф меёбад ва мукаммал мегардад», - мегӯяд, директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алексей Семенов. -Мо минтақаи фарогирии шабакаро васеъ ва зарфияти шабакаро зиёд намуда, таҷҳизотро таҷдид менамоем. Тамоми ин чораҳо ҷиҳати таъмини аҳолии Тоҷикистон бо алоқаи боэътимод ва босифат равона шудаанд. Дар натиҷа имрӯз «МегаФон» дар кишвари мо, инчунин дар Русия роҷеъ ба фарогирии шабакаи насли сеюм ҷойи аввалро ишғол менамояд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!