Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:40

Корфармоҳои тоҷик 23 миллиони коргаронашонро надодаанд

4 май 2012, 04:47

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ корфармоҳо дар кишвар маоши кормандонро дар ҳаҷми 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пардохт накардаанд.

Ин нишондод 38,9 фоизи маоши пардохтнашударо дар кишвар ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ корфармоҳо ба ҳолати аввали моҳи марти соли ҷорӣ аз коргарон 23 миллиону 300 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

Қарздории маош дар бахши воқеии иқтисод ба ҳолати моҳи марти имсол 20,6 миллион сомониро ташкил дода, дар моҳи феврал 27,7 фоиз ё 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд шудаст. Маоши кормандони бахши хоҷагии қишлоқу ҷангалпарварӣ дар моҳи феврали соли ҷорӣ ҳамагӣ 144 сомониро ташкил додаст, ки пасттарин нишондод дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар бахши моҳидорӣ маош дар феврал ба 266 сомонӣ баробар шудаст. Дар бахши воқеии иқтисод Агентии омори Тоҷикистон маоши баландтаринро дар соҳаи кӯҳкорию саноат ба қайд гирифтаст, ки бештар аз 1 ҳазор сомонӣ аст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!