Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

Таркиши дугонаи Махачқалъа ҷони 13 нафарро гирифт

4 май 2012, 08:04

Бар асари ду инфиҷор дар Махачқалъаи Доғистон дасти кам 13 нафар кушта, 122 каси дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, теъдоди аъзами зарадидаҳо кормандони пулис ва ниҳодҳои ҳолатҳои изтирориянд.

Таркиши аввал дар дидбонгоҳи «Аляска-30» дар шоҳроҳи Махачқалъа-Астрахан, баромадгоҳи марказии Доғистон ба сӯи кишвари Ставропол соатҳои 22-и шаб ҳангоми муоинаи сабукрави Lada Priora рух додааст. Бино ба маълумоти мақомоти зидди терорристии Русия ҳаҷми маводи тарканда ба 30 кг тратил баробар будааст.

Баъди чанд дақиқа вақте ба ҷои ҳодиса кормандони хадамотҳои амниятиву наҷотрасон ҳозир шудаанд, таркиши дуввум ба вуқӯъ пайвастааст. Тибқи иттилои расида, террористон нақлиёти Газелро пештар дар назди бошгоҳи пулис барои таркиш омода кардаанд. Инфиҷори дуюм аз таркиши аввал ба ҳаҷми 50 кг тратил бузургтар будааст.
Мақомот изҳор кардаанд, ки ҳуввияти террористон то ҳанӯз дақиқ карда нашуда ва танҳо эҳтимол меравад, ки онҳо 2 нафар – як зану як мард будаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!