Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:30

Ҳамойиши омӯзишӣ дар Душанбе

2 июн 2011, 07:37

«Ҷилавгирӣ аз барангезандаи ВИЧ ва ҷавонон». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамойиши вижаи илмӣ-омӯзишӣ ба кори худ шурӯъ кард.

Ин нишаст дар дафтари донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони вазорати маорифи Тоҷикистон ва бо кӯмаки молии бюрои кластерии ЮНЕСКО баргузор мегардад. Зимнан, ин семинар барои устодон ва муаллимони донишкадаҳои олии кишвар роҳандозӣ гардида, тайи ду рӯз иштирокдорони он бо ҷанбаҳои гуногуни психологиву иҷтимоии барангезандаи ВИЧ, роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин маризӣ ва тарғиби ҳаёти солим миёни ҷавонон ошно мешаванд. Дар ҷараёни ҳамойиш Зулфия Абдураҳмонова, мудири шӯъбаи барномаҳои таълимии маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим ва ёвари райиси донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон Мадина Дадабоева барномаро барои иштирокчиён муаррифӣ мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!