Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:17

Шаҳрдори Душанбе хостори баргузории боз як озмуни касбӣ дар пойтахт шуд

8 май 2012, 05:03

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ сурат пазируфт.

Тавре аз маркази матбуотии мири пойтахт хабар доданд, дар ин ҷаласа роҳбарони субъектҳои истеҳсолӣ ва сохтмонии дар марзи шаҳр фаъолияткунанда, фаъолони пойтахт, сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ ва масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати вусъат ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаъолияти самарабахши корхонаҳои саноатӣ, ҳавасмандгардонии онҳо бобати пурмаҳсул истифодабарии иқтидорҳои мавҷуда, роҳандозии истифодаи технологияҳои муосири истеҳсолӣ дастур дод, ки шурӯъ аз соли ҷорӣ дар радифи дигар озмунҳои касбии шаҳрдорӣ бо таҳияи шартҳои мушаххас озмуни шаҳрии «Беҳтарин  субъекти ҷойҳои нави кории ба талаботи муосир мутобиқ таъсисдодаи сол» бо муқаррар намудани як квартираи дуҳуҷраӣ ба ғолиби озмун ҳамасола доир карда шавад.
Дар ин равобит баҳри дастгирии соҳибкорӣ масъалаи мудохилаву санҷишҳои ғайриқонуниро аз ҷониби мақомоти марбута қатъиян маҳкум намуда, нисбат ба пешбурди мониторинги фаъолияти шаффофи роҳбарони субъектҳои истеҳсолӣ вобаста дар кадом сатҳ иҷро намудани супориши роҳбари давлат оид ба самаранок истифодабарии ҷойҳои кории мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили шароитҳои арзандаи корӣ ба кормандон, роҳандозии истифодаи технологияҳои муосири истеҳсолӣ масъулини сохторҳои марбутаро вазифадор сохт, ки дар мӯҳлати як моҳ механизми  ҳармоҳа пешниҳодоти ҳатмии ҳисоботи омориро дар сатҳи шаҳр дар мувофиқа бо Агентии омори назди президенти Тоҷикистон таҳияву ҷорӣ намоянд.
Дар идомаи ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ба вазъи хизматрасониҳо дар нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ низ дахл кард. Шаҳрдори Душанбе  вазъи хизматрасониҳоро дар нақлиёти ҷамъиятӣ нигаронкунанда ва ғариқаноатбахш арзёбӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе ва сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РКД-и пойтахт як моҳ мӯҳлат муқаррар намуд.
Дар робита ба тақвияти тадбирҳо оид ба баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, ҳифзи моликияти ҷамъиятию мақсаднок истифодабарии онҳо, беҳдошти вазъи санитарию экологӣ дар шаҳр ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа карда, зикр намуд, ки бо идома ва илова ба шароитҳои фароҳамоварда баҳри дастрасии сокинон ба рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар маводи воситаҳои чопӣ дӯконҳои  гузаргоҳҳои зеризаминии тозабунёди назди «Олами китоб» ва КВД Меҳмонсаройи «Пойтахт» ба рӯзномаҳои «Вечерний Душанбе», «Вечёрка»,  «Озодагон», «Фараж», «СССР», «Тоҷикистон» ва «Азия-Плюс» ба иҷора супорида шуданд ва то охири сол боз дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо 24 маркази дуошёнаи барои фурӯши маводи ғизоҳои моддиву маънавӣ, аз ҷумла рӯзномау маҷаллаҳо ва пешниҳоди дигар намуди хизматрасониҳо тахассусдошта аз ҳисоби буҷаи шаҳр сохта, ба истифода дода мешаванд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!