Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:41

«Истиқлол» барои Ҷоми раиси АФК мубориза мебарад

10 май 2012, 04:10

Тими «Истиқлол» -и Душанбе бо 6 имтиёз ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК роҳ ёфт.

Бозии охирини мусобиқаи интихобии гурӯҳи «С» барои Ҷоми раиси АФК-2012 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Балкан»-и Туркманистон дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Тими «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон бар дастаи «Балкан», қаҳрамони секаратаи Туркманистон, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голи нахустинро дар дақиқаи 41-уми дидор Юсуф Рабиев (рақами 12), ҳамлагари «Истиқлол» ба самар расонд. Дар дақиқаи 66-ум Нургилич Диванов, бозигари дастаи «Балкан» ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 80 меҳмонон капитани дастаи «Истиқлол» Дилшод Восиев (рақами 17)-ро, ки имконияти хуби голзанӣ дошт, дар ҷаримагоҳи худ аз пой афтонданд ва сардовар ҷаримаи 11 метра таъин кард. Дилшод Восиев беҳтарин имконияти голзаниро самаранок истифода бурда тӯбро ба дарвозаи ҳариф ворид кард.

Бози миёни дастаҳои «Истиқлол»-«Балкан» басо пуршиддат ҷараён гирифт. Дар нимаи аввали бозӣ ҳар ду даста имкони зиёди голзанӣ доштанд, танҳо бозингарони мизбон аз як имкони голзанӣ дуруст истифода карданд. Дарвозабони «Истиқлол» имкон надод, ки меҳмонон муваффақ шаванд. Нимаи дуюми дидор ҳам барои ҳардуи даста имкониятҳои зиёди голзанӣ даст дод, вале боз ҳам дарвозабонҳо маҳорати хуб нишон доданд.

Амонмурод Муродов, сармураббии дастаи «Балкан» баъди анҷомми бозӣ дар нишасти хабарие гуфт, ки ғалабаи «Истиқлол»-ро эътироф мекунад. Аммо афзуд, ки аз бозии шогирдонаш қаноатаманд аст: «Дар футбол агар гол назанӣ, гол мезананд. Футбол ҳамин аст. Бозигарони мо, ки аз вазъиятҳои зиёди голзанӣ истифода карда натавонистанд, аз рақиби худ мағлуб шуданд».
Аммо Николай Кавазович, сармурабии «Истиқлол», бо вуҷуди пирӯзӣ аз ҳунарнамоии бозигаронаш гила кард. Ба хусус аз ҳамлагарон, ки чандин имконияти голзаниро аз даст доданд. Ӯ аз ҳунарнамоии дарвозабон Алишер Тӯйчиев изҳори хушнудӣ кард.

Ҳамин тариқ дастаи «Истиқлол» бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «С» ғолиб омад ва соҳиби роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси АФК-2012 шуд. Мусобиқаи ниҳоӣ тирамоҳи соли равон баргузор мешавад. Тими «Ал-Амарӣ», қаҳрамони дукаратаи Фаластин бо се имтиёз ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дастаи «Балкан», ки аз ҳарду бозӣ шикаст хӯрд, дар ин гурӯҳ бидуни имтиёз дар зинаи охир ҷой гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми раиси АФК маҳрум шуд.

Баъди анҷоми дидор, бозии лоторея баргузор шуд. Шараф Каримови 27 сола, соҳибкор аз шаҳри Истаравшан соҳиби мошини сабукрави тамғаи «ВАЗ-21014» гардид. Маҳмадхӯҷа Саидаминов, омӯзгор аз ноҳияи Тоҷикобод соҳиби скуттер ё дучарха шуд. Мухлиси дигари футбол Бахтиёр Холов, омӯзгори фанни дифои ҳарбӣ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, телевизори LG-и плазмавиро соҳиб шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!