Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:26

Мусофир аз беэҳтиётии худ аз дохили ЗИЛ афтида ба ҳалокат расид

11 май 2012, 10:21

Аз БДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки рӯзи гузашта (10-уми май) тахминан соати 14:00 ронандари автомашинаи тамғаи «Опел астра» Акбар Саидҳасанови 45 сола аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Қизил Юлдузи шаҳри Қӯрғонтеппа бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти миуқобили ҳаракати роҳ мебарояд ваба васитаи нақлиёти тамғаи «ДЕУ Сиело», ки таҳти идораи Зафарҷон Менгибаеви 34 сола буд, бармехӯрад.

Дар натиҷа ронандаи «ДЕУ Сиело» дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 мусофири он бо ҷароҳати гуногуни  ҷисмонӣ ба касалхона интиқол мешаванд. Соати 15:30 дақиқаи ҳамон рӯз бошад, дар ноҳияи Рошқалъаи ВМКБ, Азизмоҳ Мавлонназароваи 39 сола аз беэҳтиётии худ аз дохили боркаши тамғаи «Зил 130» таҳти идораи Холмурод Чакабоев афтида ба ҳалокат мерасад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!