Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:18

Смартфонро ба Че Гевара иваз мекунем

11 май 2012, 10:40

МегаФон дар рӯзи кормандони радио ва алоқа озмуни «МегаТелефон»-ро ҷамъбаст кард

Озмуни МегаФон барои ҷолибтарин қисса ва сурати телефони кӯҳна як моҳ қабл оғоз шуда буд. Дар ин муддат ба суроғаи ширкат зиёда аз 50 кор бо қиссаҳои фавқулода дар бораи телефонҳои мобилӣ  ворид шуд. Якеро телефон ҳаёташро наҷот дода, ба дигарӣ ҳодисаи ғайриоддӣ ва хандаоваре рӯй додааст. Дигарон дар ҳолатҳои ғайричашмдошт телефон пайдо мекарданд ва ё онро аз даст медодаанд. Иштирокчиёни озмун имкон доштанд, то қисса ва суратҳои худро дар шабакаи ҷамъиятӣ ва ё дар аккаунти МегаФон ҷой диҳанд, инчунин ба барномаи мустақими радиои «Ватан» – шарики озмун, занг зананд.

 

Масъулини озмун барои интихоби яке аз корҳо мунозираву баррасиҳои зиёде карданд, чун тамоми қиссаҳо ҷолибу арзанда буданд. Маросими супоридани ҷоиза дар бинои радиои Ватан, дар рӯзи касбии кормандони алоқа баргузор шуд. Ғолибон баробари гирифтани тӯҳфаҳояшон эҳсосоти худро дар пахши мустақим баён мекарданд. Дар натиҷа Марҳабо Зунунова, муҳаррири АМИТ «Ховар» дар бахши «Акси қадимтарин телефон» пирӯз шуд. Марҳабо мегӯяд: «Телефони ман қадимтарин телефон аст. Ин гуна тамғаро дар филми Ҷеймс Бонд ва дар силсилафилми номдори «Бригада» дида будам. Ба шарофати озмун онро кофта ёфтам, бисёр чизҳои шавқовари ба он вобастаро ба хотир оварда, ба фарзандони худ нақл кардам, ки даҳ сол пеш алоқа дар кадом ҳолат қарор дошт».

Гулнора Амиршоева, муҳаррири рӯзномаи «Вечерка» аз ҷумлаи иштирокчиёне буд, ки бештарин аксҳоро ба озмун пешниҳод кард. Ба ин хотир аз ҷониби ширкат қадрдонӣ шуд. Малакаҳои фавқулодаи Таҳмина Абдуназарова низ аз мади назар дур намонд ва ташкилкунандагони озмун барояш тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карданд. Ҷавондухтар тамғаи телефони мардонаро бо стразаҳои зебо оро дода, онро ба тамғаи маҳини занона табдил додааст. Суратгири пуровозаи кишвар Баҳриддин Исомутдинов оид ба телефони кӯҳнааш, ки ӯро дар баландии 4200 метр бо алоқаи наҷотбахш таъмин карда, аз ҳамлаи дуздон наҷот додааст, қисса кардааст. Ба ҳамаи иштирокчиён тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Вале мукофоти асосӣ - смартфон аз «МегаФон» ба Маъруфхон Хоҷаев дорандаи телефони сабки Че Гевара насиб шуд, ки беш аз 100 «лайк» ҷамъоварӣ кардааст.

Тавре Маъруфхон Хоҷаев иброз дошт: «Барои ман ин бурд ғайричашмдошт буд. Умуман, идеяи озмун бисёр ҷолиб буд. Ба МегаФон барои чунин озмуни ҷолиб ва албатта барои тӯҳфа низ ташаккур!».

«Тамоми корҳои пешниҳодшудаи иштирокчиён бисёр ҷолиб буданд. Гуфтан мумкин аст, ки ҳар як телефони пешниҳодшуда аз ҷумлаи нигораҳои музей буда метавонанд. Ба шарофати ин озмун мушоҳида кардан мумкин аст, ки чӣ тавр технологияҳои навин тараққӣ мекунанд ва телеком вусъат меёбад» - қайд кард Кармен Эткеева, роҳбари Хадамоти PR-и ширкати «МегаФон Тоҷикистон»



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!