Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:01

Тоҷикистон аз Ӯзбакистон беш аз 27 миллион доллар қарздор шудааст

15 май 2012, 03:14

Аз буҷаи имсола барои рӯйпуш кардани қарздорӣ дар назди Ӯзбакистон ихтисоси 4 миллиону 700 ҳазор доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора ба Озодагон  аз  Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ дар маҷмӯъ Тоҷикистон  ба ҳолати аввали соли ҷорӣ аз Ӯзбекистон 27 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор мебошад.

Тибқи созиши тарафҳо мӯҳлати охири пардохти пурраи қарз то охири соли 2015 муайян шудаст, ки сар аз семоҳаи дуюми соли 2010 ва то пардохти пурра аз ҳисоби буҷаи давлатӣ амалӣ мегардад.

Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи апрели соли ҷорӣ 138 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, барои рӯйпӯш намудани он дар буҷа 100 миллион доллар пешбинӣ шудаст. Соли гузашта аз буҷет барои пардохти фоиз ва қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 62,5 миллион доллари амрикоӣ равона шуда буд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!