Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Дар Тоҷикистон давоми 10 рӯз нархи семент 30 фоиз афзоиш ёфт

15 май 2012, 05:20

Дар Тоҷикистон давоми 10 рӯзаи аввали моҳи май нархи як килло семент якбора 30 фоиз афзоиш ёфта, аз як сомонӣ то як сомонию 30 дирам боло рафтааст.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон нархҳои мавҷудаи семент дар муқоиса бо нархҳо дар моҳи майи соли гузашта 62,5 фоиз қимматтар мебошанд.

Коршиносон ҷаҳиши якбораи нархи сементро ба оғози мавсими сохтмонҳо ва бекории 15 рӯзаи калонтарин корхонаи сементбарории кишвар - «Тоҷиксемент» рабт медиҳанд, ки дар паи интиқоли қатъи гази ӯзбекӣ нимаи аввали моҳи апрел бекор буд. Дар маҷмӯъ дар кишвар 8 корхонаи хурди сементбарорӣ фаъолият дошта, сохтмони як қатори дигар дар назар аст.

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 54,1 ҳазор тонна семент истеҳсол шудаст. Талаботи Тоҷикистон ба семент асосан аз ҳисоби воридот аз Покистон, Русия ва дигар кишварҳо қонеъ гардонда мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!