Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:46

16 фоизи корхонаҳои Тоҷикистон ба зарар фаъолият кардаанд

15 май 2012, 06:12

Тибқи иттилои оморӣ ба ҳолати аввали соли ҷорӣ 15,7 фоизи корхонаю ташкилотҳои Тоҷикистон ба зарар кор кардаанд.

Масъулини Агентии омори назди президенти Тоҷикистон мегӯянд дар маҷмӯъ қарздории корхонаҳои кишвар таи як сол 511 миллион сомонӣ афзоиш ёфта то ба 9 миллиарду 300 миллион сомонӣ расидаст.  Аз ҷумла қарздории дебитории корхонаҳо 467,6 миллион сомонӣ зиёд шуда ба 4,6 миллиард сомонӣ баробар аст.

Масъулини Агентӣ мегӯянд аз шумораи умумии корхонаю ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда 60,2 фоизашон фоидаовар мебошанд. Ҳаҷми даромади корхонаю ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда, дар муқоиса бо аввали соли гузашта 240,6 миллион сомонӣ зиёд шудаст.

Намояндагони асосиатсияҳои соҳибкории кишвар изҳор медоранд, ки дар шароити Тоҷикистон фоидаовар намудани корхонаҳои истеҳсолӣ мушкил аст. Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Ассосиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон изҳор медорад, ки баъди роҳандозии низоми «Равзанаи ягона» дар кишвар ташкилу бақайдгирии корхона осон аст, аммо фаъолу даромаднок намудани он ҳамоно мушкил боқӣ мондаст.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!