Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:18

«Истиқлол» барои 50 ҳазор доллар мубориза мебарад

15 май 2012, 06:22

Барои Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) шаш даста мубориза мебарад.

Тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон ҳам, ки дар қисмати муқадамотӣ бо шаш имтиёз дар гурӯҳи худ (С) аввал шуд, муддаии Ҷоми мазкур аст. Аз ин гурӯҳ «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин ҳам ба даври баъдӣ роҳхат гирифт. Аз гурӯҳҳои дигар «Дордой»-и Қирғизистон, «Тайван Пауэр»-и Тайван, «Пномпен Краун»-и Камбоҷа ва «Озмоишгоҳи Хон»-и Покистон барои Ҷоми раиси АФК талош мекунанд.

Дастаҳо дар ду гурӯҳ аз 24 то 30-юми сентябри соли 2012 вориди рақобат мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо барои Ҷоми раиси АФК ва 50 ҳазор доллари амрикоӣ мубориза хоҳанд кард. Дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 25 ҳазор доллар мегирад.

Конфедератсияи футболи Осиё ба шаш кишвари ширкаткунадаи даври ниҳоӣ имкон медиҳад, ки барои мизбонии сабқат талош кунанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзҳои наздик барои мизбонии сабқати ниҳоии Ҷоми АФК-2012 дархост пешниҳод хоҳад кард. 




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!