Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Машҳад мизбони ҳафтумин ҳамойиши ҷаҳонии бузургдошти Фирдавсӣ буд

15 май 2012, 11:51

Дар Донишгоҳи ба номи Фирдавсии шаҳри Машҳади Эрон ҳафтумин ҳамойши ҷаҳонии бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ сурат пазируфт.

Доктор Тусиванд, асосгузори «Бунёди Фирдавсӣ» дар ибтидои маросим бо ишора ба бархе аз фаъолиятҳои бунёд изҳор дошт, ки ҳадаф аз пардохтан ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» огоҳибахшӣ дар робита бо фарҳанг ва азамати забон ва адабиёти форсӣ аст.
Мирҷалолудини Казози, устоди донишгоҳи Аллома Таботабойӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ба дарёи фарохи андеша, адаб ва фарҳанги Эрон унвон кард. Вай гуфт ин дарё ҳамеша бо мо аст ва ҳеч гоҳе аз мавҷандозӣ бознамеистад.

Казозӣ бо ишора ба ин ки суханварии Фирдавсӣ яке аз муҳимтарин ҳунарҳои устоди сухан аст, афзуд: «Вижагии суханони Фирдавсӣ дар ин аст, ки эшон аз беҳтарин ва накутарин вожахо баҳра мебарад.
Дар таърихи адабиёти форсӣ размномаҳои бисёреро мешиносем, ки устодони бузурги забони форсӣ онро сурудаанд, аммо чаро «Шоҳнома» шоҳкории ҳайратовар аст? Зеро онро Фирдавсӣ суруд».
Устоди донишгоҳ афзуд, Фирдавсӣ дар канори Саъди суханваре аст, ки тавонист ба форсии асил шеър бигӯяд ва мухотаб битавонад бо хондани ин ашъор дарки дурусте аз ин падида дошта бошад. «Агар Фирдавсӣ ва баъд аз он Саъди намебуд мо ба забони дигар сухан мегуфтем»,-гуфт номбурда.

Шоҳмансур Хуҷаев, коршиноси фарҳанги Тоҷикистон дар муассисаи «ЭКО» дар навбати худ гуфт, «Шоҳнома» ва шоҳномахонӣ аз гузаштаҳои дур дар миёни мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст. Номбурда афзуд, ки исми бисёре аз фарзандони тоҷик баргирифта аз шахсиятҳои маҳбуби «Шоҳнома» аст. Хуҷаев бо ишора ба собиқаи шоҳномахонӣ дар Осиёи Марказӣ афзуд: «То замоне ки русҳо ба минтақа наомада буданд, ин суннат вуҷуд дошт, аммо баъди барқарор шудани ҳокимияти Шӯравӣ ба оҳистагӣ аз ёдҳо рафт».

Ҷаноби Хуҷаев ба заҳматҳои Сотим Улуғзода дар муаррифии «Шоҳнома» сухан гуфт. Улуғзода «Шоҳнома»-ро бо хати сирилик ва дар шакли наср пешниҳоди хонанда кард: «Ин иқдоми Сотим Улуғзода боис шуд, ки «Шоҳнома» ба матни зиндагии мардум ворид шавад ва одамонро аз бегонагӣ бо Фирдавсӣ раҳонад».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!