Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 22 июл 2017, 05:39

Афғонистон хариди барқи Тоҷикистонро зиёд карданист

16 май 2012, 03:39

Афғонистон дар ҳоле ҳаҷми хариди барқи Тоҷикистонро зиёд карда метавонад, ки агар хати интиқоли Сангтӯда – Пули Хумриро ба низоми энергетикии самти Кобул пайваст намояд.

Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, масъулини афғон айни ҳол ин масъаларо баррасӣ доранд.

Ба иттилои масъулини «Барқи тоҷик» интиқоли барқ ба Афғонистон, ки аз 2 –юми майи соли ҷорӣ барқарор гардид, айни ҳол дар ҳаҷми 40 мегаватт дар як шабонарӯз сурат гирифта истодааст. Ин ҳаҷм дар муқоиса бо имкониятҳои содиротии Тоҷикистон дар фасли гармо ночиз аст.

Нерӯгоҳҳои кишвар имкон доранд дар фасли гармо беш аз 5 миллиард килловат соат нерӯи барқи зиёдатиро истеҳсол намоянд. Таи ду – се соли гузашта ба далели дарёфт нагардидани роҳи интиқоли барқи барзиёд, Тоҷикистон аз ҳудуди ним миллиард доллар маҳрум гардидаст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!