Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:43

Кумитаи андоз: Коҳиши андоз нархҳоро поён намебарад

16 май 2012, 05:01

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, изҳоротро дар мавриди он, ки коҳиши ҳаҷми андозҳо  ҳатман нархи молу маҳсулотро дар бозорҳои кишвар поён мебарад, беасос хонд.

Масъулини Кумита барои исбот, аз таҷриба мисол меоранд, ки аз андоз озод намудани муассисаҳои тиббӣ- истироҳатӣ, истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ ва либоси кӯдакона ба нархгузориашон таъсире нарасондааст. Дар ҳоле, ки нархҳо аз андоз вобастагии сахт доранд , намояндагони Кумитаи андоз суол мегузоранд, ки чаро имтиёзҳо арзонии ҳатмиро дар бозори маҳсулоту хизматрасониҳои зикршуда ба бор наоварданд?

Ба гуфтаи масъулини кумита омилҳои дигар аз қабили конюктураи бозор мавҷуданд, ки нархро дар Тоҷикистон ташаккул медиҳанд.

Дар ҳоли ҳозир нархҳо дар бозори молҳои гуногун, аз ҷумла маҳсулоти аввалиндараҷаи кишвар рӯй ба гаронӣ доранд.  Меъёри андоз яке аз далелҳои серистеъмол аст, ки истеҳсолгарону фурӯшандагон дар Тоҷикистон барои исботи асоснокии болоравии нархҳо, онро пеш меоранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!