Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:53

Содироти мол аз Тоҷикистон 44 млн. доллар коҳиш ёфтааст

16 май 2012, 06:14

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44 миллион доллар камтар шуда, 464 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст.

Ин дар ҳолест, ки воридоти мол ба кишвар таи моҳҳои январ – апрел 20,9 фоиз ё 206 миллион доллар афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 193 миллион доллар баробар шудаст.

 

Дар маҷмӯъ тибқи иттилои расмӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 10,8 фоиз ё 162 миллион доллар афзоиш ёфта, 1 миллиарду 657 миллион долларро ташкил медиҳад. Тавозуни тиҷорати хориҷӣ манфӣ буда, воридот аз содирот 728 миллион доллар зиёд аст.

Таи чормоҳаи аввал содироти нахи пахта 12 фоиз, ашёи металӣ  30,8 фоиз, маҳсулоти озуқа 63,6 фоиз ва маҳсулоти гуногуни саноатӣ 89,8 фоиз коҳиш ёфтаст. Тибқи иттилои оморӣ чоряки молҳои вородотии Тоҷикистон аз Русия оварда мешаванд. Харидори асосии молҳои Тоҷикистон ҳамоно Туркия боқӣ монда, 40 фоизи молҳои содиротӣ ба ин кишвар равона мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!