Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

Наваскарон акнун дар мавзеъҳои таърихӣ савганд ёд мекунанд

18 май 2012, 11:17

Бо супориши Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиа маросими савгандёдкунии наваскарон дар ҷойҳои таърихӣ гузаронида мешавад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ ба хабаргузории Озодагон гуфт, наваскароне, ки баҳори имсол шомили қувваҳои мусаллаҳ гардидаанд дар курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии ибтидоӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар ин курсҳо онҳо бо муҳити қисми низомӣ, тартибу низоми хизмати ҳарбӣ, оинномаҳои ҳарбӣ, тартиби муроҷиат кардан ба ҳайати роҳбарӣ, бо ҷузъиёти яроқу аслиҳаи оташфишон ва дигар омилҳои қисми низомӣ шинос хоҳанд шуд. «Ин гуна курсҳо алакай дар бисёре аз қисмҳои низомӣ ба охир расида, наваскарон санҷиш супориданд ва барои иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ ҳамчун сарбозони комилҳуқуқи қувваҳои мусаллаҳ тибқи супориши вазири мудофиа, дар гарнизони Душанбе, назди муҷассамаҳо ва лавҳаҳои сарбози хотиравӣ, дар боғи Ғалаби пойтахт ва дигар мавзеъҳои таърихӣ, савганди ҳарбӣ ёд намуданд»,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!