Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:50

Долларро дар Душанбе қиммат мефурӯшанд

21 май 2012, 10:04

Саррофон дар бисёре аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе долларро аз қурби дар овезаҳояшон нишондода қимматтар мефурӯшанд. Дар овезаҳо арзиши як доллар зимни фурӯш 4,88 сомонӣ нишон дода шудаст, вале фурӯшандаҳо барои як доллар 4,9 сомонӣ талаб мекунанд.

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ин амали фурӯшандаҳои нуқтаи мубодилаи асъорро ғайриқонунӣ мегӯянд. Манбаъ аз Бонки миллии кишвар афзуд: «Мо ҳақ надорем ба раванди муайян намудани қурб дар нуқтаҳо дахолат намоем. Онро соҳибони нуқтаҳои мубодила бо фармони  қурб муайян мекунанд ва дар овезаҳо нишон медиҳанд. Вақте дар овеза қурб нишон дода шуд, фурӯшандаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор ӯҳдадоранд онро риоя кунанд. Корманди нуқтаи мубодилаи асъор ҳақ надорад, ки зимни хариду фурӯши асъор ба як кас 5 дирам арзонтару ба нафари дигар қимматтар фурӯшад. Бояд аз рӯйи нишондоди овезаи нуқтаи мубодилаи асъор фаъолият кунад».

Дар сурати дучор гардидан ба ҳолати зикршуда, масъулини Бонки миллӣ маслиҳат медиҳанд, ки шаҳрвандон ба нафарони дахлдор, ки рақамҳояшон дар тахтаи эълони ҳар нуқтаи мубодилаи асъор навишта шудааст, муроҷиат намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!