Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:35

Оғози амалиёти «Кӯкнор-2012» дар шимоли мамлакат

22 май 2012, 12:27

Бо мақсади ташкили муборизаи якҷояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар идораҳои дахлдори вилоятӣ ҷиҳати ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ дар ҳудуди вилоят киштшуда қарори раиси вилоят «Дар бораи гузаронидани амалиёти Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд ба тасвиб расид.

Аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори маҳалллии Озодагон иттилоъ доданд, ки дар асоси қарори мазкур аз 21-уми май то 30 ноябри соли равон дар қаламрави вилояти Суғд амалиёти «Кӯкнор -2012» гузаронида мешавад.
Ҳамчунин барои назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораҳои дахлдори вилоятӣ ҳайати Ситоди кории вилоятии амалиёти «Кӯкнор - 2012» тасдиқ шудааст.
Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2012» на камтар аз як маротиба дар ду моҳ ҷаласаи Ситод гузаронида шуда, дар сурати пайдо шудани зарурият, гузаронидани ҷаласаҳои сайёри Ситод дар маҳалҳое, ки вазъи нашъамандӣ он ҷо мураккаб аст, ба нақша гирифта мешавад.
Тибқи ин қарор Раёсати корҳои дохилии вилоят, Раёсати хадамоти гумрук дар вилоят, шӯъбаи фаврию ҳарбии «Суғд»-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдор вазифадор гардидаанд, ки то 25 майи соли 2012 нақшаи чорабиниҳои вобаста ба амалиёти «Кӯкнор-2012»-ро таҳия ва барои бастани роҳҳои воридот ва содироти маводи нашъаовар дар ҳудуди вилоят ва аз марзи вилоят берун баровардани он, маҳалҳои ҷобаҷокунии дидбонгоҳҳои назоратӣ ва сайёрро муайян намоянд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!