Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:45

Вақте қарори раиси шаҳри Душанбе иҷро намешавад

23 май 2012, 06:19

Ронандаи мусофиркаши хатсайри №19 аз мусофирон 2 сомонӣ талаб мекард, ҳатто барои як истгоҳ.

Абдулҳақ Оев, муовини раиси шаҳри Душанбе ахиран зимни як нишаст гуфт, ки вақтҳои охир шикояти мардум дар робита ба иҷро нагардидани тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон зиёд шудааст. Ба қавли номбурда мардум аз он норозиянд, ки ронандаҳо аз онҳо 2-3 сомонӣ мегиранд. Муовини раиси шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки он мусофиркашҳое пули бештар талаб менамоянд, ки дар хатсайрҳо ғайриқонунӣ ҳаракат мекунанд.

Аммо рӯзи гузашта ронандаи мусофиркаши хатсайри №19, ки бо рақамҳои сил-силаи ТТ ҳаракат мекард, хатто барои як истгоҳ низ аз одамон 2 сомонӣ меситонд.  Рақами давлатии ин мусофиркаш 56-69 ТТ 01TJ буд ва нақлиёти дорои ин сил-сила қонунӣ ба хатсайрҳо мебароянд. Ронанда дар ҳоле аз мусофирон 2 сомонӣ талаб мекард, ки нақлиёти таҳти идораи ӯ овезаи «Экспресс» надошт ва дар сурати бо нишони «Экспресс» ҳаракат кардан ҳам ҳақ надорад, ки ду сомонӣ талаб намояд, зеро тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе арзиши роҳкиро 1,60 сомонӣ аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Оев дар рейдҳои махсус зиёда аз 100 мусофиркашро нигоҳ дошта, аз мусофирон пурсидаанд, ки чӣ қадар роҳкиро додед? «Ягон нафар нагуфтааст, ки 2 ё 3 сомонӣ додем, ҳама нархи расмиро мегӯянд», афзуд номбурда.
Муовини раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин гуфт, ки эълон карда буданд то дар дохили тамоми воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ нархнома насб карда шавад ва мардум донанд, ки роҳкиро расман чӣ қадар аст. Вай афзуд: «Вақтҳои охир мебинем, ки хатсайри 19 ҳамааш қариб «экспресс» шудааст. Ронандаҳо худсарона ҳар кор мекунанд, ба кадом хатсайре хоҳанд ҳаракат кардан мегиранд».
Номбурда илова кард, ки ҳамарӯза рейдҳои махсус гузаронида мешавад, вале бо ин васила намешавад мушкилро ҳал кард. Муҳим аст, ки мусофирон ҳам дар ин самт ба онҳо кӯмак расонанд, на бо аризаҳо ва зангҳои телефонӣ, балки ҳангоми рейдҳо низ бояд мусоидат кунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!