Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:55

Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷавонони фаъоли Душанбе

23 май 2012, 10:08

Раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 23 май дар доираи «Даҳ Рӯзи ҷавонони шаҳри Душанбе» бо ҷавонони пойтахт мулоқот анҷом дод.

Зимни сӯҳбати ошкоро, ки беш аз се соат идома ёфт раиси шаҳр дархосту хоҳиши ҷавононро шунида, дар ҳалли онҳо бо инобати ҷалби потенсиали ҷавонони ташаббускор ба масъулини шаҳрдорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз мавқеъгириҳои нокифояи ҷавонон ва камтар бархурдор будани онҳо аз иттилои мавҷуда аз ҳаёти шаҳр, ки мебоист шумораи саволҳо, пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо баҳри мусоидат ба пешрафти ҳаёти ҷавонон дар шаҳр бештар мебуданд, аз камфаъолии ҷавонон нигаронӣ карда, барои идомаи сӯҳбат ва мукотибаҳои мақсаднок таъкид намуд, ки ҷавонон имкон доранд дар мӯҳлати як моҳ дархосту пешниҳодоташонро тариқи почтаи электронии раиси шаҳр dushanbe80@yahoo.com, саҳифаи раиси шаҳр дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук ё худ тавассути Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ирсол созанд.
Мулоқот дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» доир гардид ва Маҳмадсаид Убайдуллоев бахшида ба Рӯзи ҷавонон аҳли толорро самимона шодбош намуда, аз ҳар кадоми онҳо барои нақши муассир гузоштан дар пешрафту ободонии шаҳр ва касби асрори илму дониш даъват ба амал оварда, дар кору зиндагияшон барору  иқбол таманно кард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!