Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:30

Муҳоҷирон барои зисташон «шаҳр» бунёд кардаанд

3 июн 2011, 06:52

Пулиси Маскав дар шимоли ин шаҳр «шаҳраки муваққатӣ»-и муҳоҷиринро ошкор кардааст, ки ҳудуди беш аз 30 нафар дар хаймаҳои коғазину селофанӣ ба сар мебурдаанд.

Бино ба маълумоте ки раиси ноҳияи "Очаково-Матвеевское"  Сергей Новиков дар ихтиёри хабарнигорон гузошт, ин гурӯҳи муҳоҷирин дар яке аз боғҳои фароғатии минтақаи ғарбии Маскав хайма задаанд. Ӯ гуфт, дар вақти гаштугузори доимӣ ин «шаҳри муваққатӣ» ошкор шудааст, ки муҳоҷирини Осиёи Марказӣ худсарона хаймаҳои коғазину селофанӣ насб карда, ба сар мебурдаанд. Ҳамчунин чанд хонаи чӯбини муваққатӣ низ аз ҷониби муҳоҷирин сохта шуда будааст.

Феълан, ҳамаи ин муҳоҷирин барои муайян кардани ҳуввияташон ба шӯъбаи пулиси ин минтақа оварда шудаанд.

Сергей Новиков, раиси ноҳияи «Очаково - Матвеевское» гуфт, чунин гаштугузор ва ё тафтиши минтақаҳои хомӯши шаҳр аз сӯи пулиси ин минтақа мунтазам доир карда мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!