Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:56

Дар Тоҷикистон модели алтернативии таҳсилоти томактабии босифатро ҷорӣ мекунанд

24 май 2012, 05:51

Бо ташабуси Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мусоидати идораи маорифи вилояти Хатлон дар шаҳри  Қурғонтеппа ду маркази ҷамъиятӣ барои кӯдакони аз синни 3 то 7 сола ифтитоҳ шуд.

Тавре ба Озодагон аз Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, яке аз ин муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри  Қурғонтеппа ва дигарӣ дар ноҳияи Бохтар бунёд гардидааст.  «Чунин марказҳо бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мусоидати мақомоти ҳукумати маҳаллӣ 24-уми май дар мактаби таҳсилоти маҳаллии №2-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва 25-уми май дар гимназияи №14-и шаҳри  Хуҷанд, мактаби таҳсилоти ҳамагонии №-14-и шаҳри Қайроққум ва боғча-мактаби №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ифтитоҳ карда мешаванд»,-афзуд манбаъ.
Марказҳои ҷамъиятӣ ба мақсади муҳайё кардани шароити мусоид барои рушди кӯдакони оилаҳои камбизоат ва кӯдакони имконияташон маҳдуд таъсис дода мешаванд, то ки онҳо аз ҳуқуқҳои худ ба таълиму тарбия истифода намуда, барои мактабравӣ омода шаванд.

Дар шароити имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, ки аксари кӯдакони оилаҳои камбизоат ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, таъсиси марказҳои ҷамъиятӣ модели алтернативии таҳсилоти томактабии босифат барои кӯдакони синни аз 3 сола то 7 сола маҳсуб шуда, барои рушди кӯдакон мусоидат менамояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!