Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 27 июн 2017, 13:46

Гузоришгари вижаи СММ аз шимоли кишвар дидан мекунад

25 май 2012, 11:08

Фардо, 26-уми май маърӯзачии вижаи СММ оид ба ҳуқуқи ҳар як шахс барои истифода аз стандартҳои мавҷуда дар бахши саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ  Ананд Гровер ба вилояти Суғд сафар мекунад.

Ҷаноби Ананд Гровер тибқи барномаи сафар бо муовини якуми раиси вилоят Ҷуъмабой Сангинов ва роҳбарони сохторҳои соҳаи тандурустӣ,  меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва молия  мулоқот анҷом медиҳад.
Сипас аз марказҳои бемориҳои рӯҳӣ ва ёрии наркологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутбиддинов дар шаҳри Хуҷанд, инчунин муассисаи ислоҳотии №3/5 Вазорати адлияи Тоҷикистон  боздид ба амал меорад.
Дар  ин бора ба хабарнигори маҳалллии Озодагон аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.


 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!