Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:45

Дар Тавилдара боз замин ҷунбид

28 май 2012, 05:19

Бегоҳии дирӯз, 27-уми май дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ба хабаргузории Озодагон аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ гуфтанд, ки соати 21: 24 дар ҳудуди ҷумҳурӣ замин ҷунбидааст. Маркази заминларза 135 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 15 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Тавилдара будаааст. Шиддати ларзиши он дар маркази ҷунбиш 4 балл ва дар ноҳияи Тавилдара 3 балл будааст. Бар асари ин зилзила хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!