Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:13

Дар Душанбе фаъолияти 5 корхонаи арматурабарорӣ қатъ шуд

28 май 2012, 08:44

Дар шаҳри Душанбе таи як соли охир фаъолияти панҷ корхонаи истеҳсоли арматура қатъ шудааст. Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе хабар доданд.

Манбаъ сабаби қатъ шудани фаъолияти ин корхонаҳоро ба меъёрҳо ҷавобгӯй набудани кори онҳо арзёбӣ кард. Айни ҳол шумораи корхонаҳои металгудозии боқимонда дар пойтахт 13 адад арзёбӣ мегардад, ки ба гуфтаи масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе фаъолияти онҳо ҳам ба талаботи муосири экологӣ ҷавобгӯ нест.
Сарчашмаи хабар мегӯяд мувофиқи технологияи муосири оҳанпораобкунӣ, пеш аз гудозиш бояд оҳанпораҳо дар ванна ё ҳавзҳои махсус бо воситаи ҳалкунандаҳои органикӣ аз равған ва краскаҳо тоза карда шаванд, ки дар ягон корхонаи пойтахт роҳандозӣ нашудаст. Оҳанпораҳо ба воситаи кафшерҳои барқию газӣ ва атсителенӣ пора мегарданд, ки ин ҳам яке аз сарчашмаҳои муҳими ифлосшавии муҳити зисти пойтахт мебошад. Печҳои индуксионӣ, ки дар корхонаҳо истифода мешаванд манбаи дигари заҳролудшавии ҳавои шаҳр арзёбӣ мегарданд.
«Ҳадди аққал дар корхонаҳо таҷҳизоти ҳавотозакунӣ ба пуррагӣ насб нашудааст. Таҷхизоти ҳавокашӣ бояд модаҳои заҳролуди даруни корхонаро ҷамъ намуда, таввасути қубурҳои баландиашон 25 - 30 метра берун партояд, то каме ҳам бошад зараррасонӣ ба муҳити атроф камтар шавад»,-афзуд манбаъ.
Аммо айни ҳол масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе изҳор медоранд, ки аз сабаби набудани ҳавотозакунак ва таҷҳизоти ҳавокашӣ дуди ғализ тавассути тирезаю бомҳои шикастагии сехҳои истеҳсолӣ берун баромада, ба саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонанд.
Масъулин сабаби насб нашудани дастгоҳи ҳавокашӣ ва сохта нашудани ҳавзҳои оҳантозкуниро дар корхонаҳои истеҳсоли арматура ба гарон будани хароҷоти онҳо рабт медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!