Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:04

Намояндагии консулгарии ВКХ дар вилояти Суғд ифтитоҳ мешавад

28 май 2012, 11:07

Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ» ва «Данғара» мутобиқи нақшаи тиҷоратӣ бояд беш аз 70 миллион доллари ИМА ба минтақаҳои мазкур ворид намоянд. Ин нукта зимни баргузории 5-умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон изҳор шуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Озодагон иттилоъ доданд, то имрӯз дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 18 субъект, дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 5 субъект ва дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 2 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз рӯи нақшаи пешбини намуда, воридоти маблағ ба ӯҳдаи ҳамин субъекҳост. Гуфта мешавад, зимни ин ҳамоиш, масъалаи ифтитоҳи намояндагии консулгарии Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар вилояти Суғд, муаррифӣ ва иттилоот оид ба корҳои анҷомдода ва монеаҳои мавҷуда дар минтақаҳои озоди иқтисодии Суғд, Панҷ, Данғара ва Ишкошим ва ҳамчунин ҳуҷҷатгузорӣ дар ин самт баррасӣ гардид. «Ҷаласаи мазкур таҳти дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими иқтидори Ҳукумати  Тоҷикистон дар ҳамоҳангсозии амалҳо ҷиҳати ҷалбнамоӣ ва фаъолияти шарикон оид ба рушд дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гузаронида шуд»-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!