Асоснокии техникию иқтисодии қисми тоҷикистонии роҳи оҳани Кошғар - Ҳирот, ки Тоҷикистонро бо Чину Қирғизистон аз як тараф ва Афғонистону Эрон аз тарафи дигар мепайвандад, се моҳ пас таҳия хоҳад шуд.
Тавофуқ дар ин маврид зимни вохурии вазирони нақлиёти Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон ба даст омадааст. Асоснокиро ширкати эронии «Метро» бо 1 миллион доллари бебозгашт ҷудонамудаи Эрон таҳия мекунад.
Масофаи қисмати тоҷикии роҳи оҳани Эрон- Афғонистон - Тоҷикистон - Қирғизистон - Чин 392 киллометрро ташкил дода, қисмати мушкилаш аз Ваҳдат то Қарамиқ - сарҳади Қирғизистон маҳсуб меёбад, ки 270 килллометр дарозӣ дорад. Бо назардошти мавқеи географӣ, арзиши сохтмони як километр роҳ дар ин қисмат аз 8 то 10 миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Дар ин қисмат сохтмони 16 киллометр нақб ва 47 пул дар назар аст.
Дар ҳоли ҳозир арзиши сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳан наздики 4 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад. Дар маҷмӯъ ин роҳи байналмилалӣ 2 ҳазор километр дарозӣ дошта, барои кишварҳои пайвастшаванда - Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистону Чин аҳамияти бузурги геополитикӣ ва стратегӣ дорад.
Сохтмони роҳи мазкур вобастагии Тоҷикистонро дар масъалаи роҳи оҳан аз ҳамсояҳои ғарбӣ - Ӯзбекистону Русия ва дигарҳо коста карда, ба қисмати ҷануби Осиё ва уқёнуси ҷаҳонӣ роҳ мекушояд.
Мӯҳр