Лоиҳаҳои қарор «Дар бораи Консепсияи озодкунии бозорҳои хизматгузории молиявии кишварҳои узви ИДМ» фардо (30-юми май) дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавриди барасӣ қарор мегирад.
Тавре ба Озодагон аз аз котиботи сарвазири ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи мазкур ба Ашқобод, пойтахти Туркманистон сафар кард.
Ба иттилои манбаъ зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ, баррасии якчанд лоиҳаву ҳуҷҷатҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориву ҳамгиройии кишварҳои узви иттиҳод пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр