Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:21

«Ню Йорк таймз»: Амрико дар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон шикаст хӯрдааст

29 май 2012, 07:03

Рӯзномаи «Ню-Йорк таймз» бо ишора ба хазинаи миллиардҳо доллар дар Афғонистон, ба нокомии Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо маводи мухаддир дар ин кишвар эътироф кардааст.

Ба навиштаи «Ню Йорк таймз» бо вуҷуди хазинаи миллиардҳо доллар дар Афғонистон, то кунун мушкили маводи мухадир дар ин кишвар ҳал нашуда ва ҳамзамон бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, умедворӣ барои нобудии ин падида камтар шуда аст.
Бар асоси иттилои манбаъ ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Амрико солҳои мадид талош кардаанд, то кишт, тавлид ва қочоқи маводи мухаддирро дар Афғонистон аз байн бибаранд, аммо муваффақ нашуданд. «Даромади ҳосил аз кишт ва қочоқи маводи мухаддир ба кисаҳои мухолифони мусалаҳи давлати Афғонистон рехта мешавад»,-омадааст дар хабари рӯзнома.
Ҳафтаи гузашта рӯзномаи «Телеграф»-и Англия низ гузориш дод, ки ин кишвар дар амри мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон шикаст хӯрдааст.
Син Ремант, хабарнигори дифоии рӯзномаи «Телеграф» бо ишора ба таъкиди мақомоти Англия бар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон гузориш дод: «Акнун пас аз гузашти 11 сол вазъияти маводи мухаддири Афғонистон бо кушта шудани 414 сарбози Англия ва 1972 сарбози амрикоӣ ҳеч тағйире накарда аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!