Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:32

Кушта шудани нафари дуввуми Ал-Қоида дар сархати расонаҳо

30 май 2012, 12:31

Раҳбарияти Эътилофи Шимол дар Афғонистон аз кушта шудани шахси дуввум дар ҳаракати  Ал-Қойида дар ин кишвар хабар додааст.

Дар изҳороте, ки раҳбарияти Эътилофи Шимол рӯзи гузашта пахш кард, гуфта мешавад, ки яке аз ашхоси баландмартабаи Ал Қоийда Саҳр-ал-Тоифӣ, маъруф бо лақабҳои «Муштоқ» ва «Нозим» дар натиҷаи як зарбаи ҳавоӣ дар минтақаи Ватапури музофоти Кунар кушта шудааст. Бино ба маълумоти пахшагрдида мардуми осоишта осеб надидаанд.
Гуфта мешавад Саҳр-ал-Тоифӣ зодаи Арабистони Саудӣ, раҳбарии зархаридони хориҷиро дар Афғонистон бар дӯш доштааст ва барои амалиёти зидди асокири афғониву НАТО ҷавобгар буда, ҳамчунин равобити миёни Ал-Қойида ва бахши ин ҳаракат дар Афғонистонро таъмин мекардааст.
Таъмини аслиҳа ва муҳимоти размандагони бахши афғонии Ал- Қойида  низ аз вазифаҳои Саҳр-ал-Тоифӣ будааст.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи ҳаракати Толибон Забиуллоҳ Муҷоҳид ба хабаргузории Afghan Islamic Press гуфтааст, дар ҳақиқат дар минтақаи Ватапур  2 нафар толиб кушта шудаанд ва дар ин минтақа намояндагони Ал-Қойида умуман мустақар нестанд ва кадоме аз хориҷиён кушта нашудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!