Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:56

Ярч дар Шурообод обанбори табииро бавуҷуд овардааст

31 май 2012, 04:48

Дар Ховалинг ва Шурообод ярч фуромад.

Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба Озодагон гуфт, рӯзи гузашта (30-юми май) соати 14:00 дар натиҷаи боридани боронҳои зиёд дар деҳаи Кулдараи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг аз қисми чапи деҳа ярч фуромад. Дарозии он 100, баландияш  20 ва паҳноияш 10 метр будааст.
Дар натиҷа роҳи чашмае, ки истиқоматкунандагони деҳаи мазкур аз он оби нушокӣ дастрас менамуданд, баста шудааст. Ярч аз деҳа ба масофаи 60 метр қарор гирифта, ба аҳолӣ зарар нарасонидааст.    
Номбурда илова намуд, ки тахминан соати 16:30-и рӯзи 29-уми май дар мавзеи «Ғори калон» деҳаи Дараи оби ноҳияи Шурообод, ки саршавии сойи Тебалай мебошад, ярч фаромада, маҷрои сойро, ки аз чашмаҳо маншаъ гирифтааст, маҳкам карда, дар натиҷа обанбори табииро бавуҷуд овардааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!