Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:51

Барои тӯйи 120 ҷавон 41 ҳазорӣ ҷамъ мекунанд

31 май 2012, 05:35

Шаҳрдори Душанбе қарор кардаст, ки дар рӯзи таҷлили 15-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ тӯйи 60 ҷуфт ҷавонро аз оилаҳои камбизоат барпо намояд, ки ба ҳар ноҳияи пойтахт 15 ҷуфтӣ рост меояд.

Маъракаи мазкур дар бинои «Душанбе плаза» баргузор мешавад. Барои гузаронидани ин тӯй корхонаю ташкилотҳои пойтахт аз қабили «Амонатбонк», раёсатҳои Хадамоти гумруку Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе, ҶСК «Тоҷиксемент», ҶДМ «Вавилон  Мобайл», «Индиго Тоҷикистон», «Тоҷикмебел», меҳмонхонаҳои «Серена»-ю «Тоҷикистон» ва бозорҳои «Султони Кабир»-у «Сафариён» баромад намуда, ҳар кадомашон барои маърака дар ҳаҷми 41 ҳазор сомонӣ кӯмаки хайриявӣ кардаанд.  
Дар назар ҳаст, ки ба ҳар кадом оилаи ҷавон тӯҳфаҳои гуногун ва наздики 6 ҳазор сомонӣ маблағ тақдим шавад.
Дар баробари ин сӯбҳи рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ дар майдони «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт аспдавонӣ ва бегоҳӣ дар варзишгоҳи марказӣ мусобиқаи гӯшти дар назар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!