Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:20

Шӯрои ВАО меҳмони муҳасилини факултаи журналистика шуд

1 июн 2012, 10:05

Дар факултаи журналистикаи ДМТ саҳнаи мубоҳисавии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо донишҷӯён ва устодон сурат пазируфт. Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли ин ниҳод ба Озодагон гуфт, чорабинӣ таҳти унвони «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва тартибу шартҳои муроҷиат ба Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон» доир шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, нахуст Қироншоҳ Шарифзода, узви Шӯро ба сухан баромада дар бораи Шӯрои ВАО, ҳадаф ва мақсади таъсиси он, меъёрҳои ахлоқии журналистон ва муроҷиатҳои баррасишуда тайи се соли ахир маълумот дод.     Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО дар навбати худ иброз дошт, ки мақсади ҳамоиш ба аудиторияи сершумори бинандагон, шунавандагон ва хонандагон пешниҳод намудани маълумот дар бораи Шӯро мебошад.

Мухтор Боқизода, аъзои дигари Шӯро роҷеъ ба тартиби муроҷиат ба ин ниҳод, баррасии муроҷиат дар Шӯро ва қабули қарор оид ба шикояти шахсони воқеиву ҳуқуқӣ роҷеъ ба ин ё он нигошта дар воситаҳои ахбор иттилои муфассал пешниҳод намуд. Зимни суолу ҷавоб иштирокчиёни ҳамоиш ба пурсишҳои худ вобаста ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ҷудо будани фаъолияти тиҷоративу реклама аз фаъолияти эҷодӣ, ҳодисаҳои асардуздӣ дар ВАО ва тартиби муроҷиат ҳангоми вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқӣ посух гирифтанд.

Ёдовар мешавем, Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии ВАО-и Тоҷикистон, Ассосиатсияи миллии васоити электронии ахбори омма, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!