Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:37

Муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистону Корея густариш меёбад

1 июн 2012, 11:35

Дар мулоқоте, ки имрӯз, 1-уми июн Марҳабо Ҷабборова, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо Ли Хак Му, намояндаи муваққатии Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея дар умури минтақавӣ дошт, бештар масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муҳаммадато Султонов,    сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар гуфт, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон зимни ибрози қаноатмандӣ аз раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея дар бахшҳои гуногун, ҳамзамон бар зарурати таҳкими муносиботи байнипарлумонии ду кишвар таъкид кард. Зикр гардид, ки дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парлумони Корея фаъолият мекунад ва ин гурӯҳ метавонад заминаи хуберо барои тавсеаи ин равобит фароҳам биёрад.

Марҳабо Ҷабборова ба роҳ мондан ва таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф байни Тоҷикистону Кореяро аз ҳадафҳои дигари масъулони ниҳодҳои марбутаи ҳарду кишвар унвон карда, ҳамзамон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон заминаи мусоид барои омӯзиши илмҳои гуногун ва муосир вуҷуд дорад, вале то имрӯз ҳамаи ин имконот ба таври кофӣ мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Аз ин рӯ, истифода аз таҷрибаи Корея дар заминаи истифода аз манобеи мавҷуд дар соҳаи илму маориф ва пиёда кардани роҳҳои ҷадиди омӯзиши илмҳои гуногуни муосир дар Тоҷикистон метавонад ҳамчун омили асосӣ дар рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамалкати мо гардад.
Дар ҷараёни ин мулоқот, ҳамчунин ба масъалаи истифодаи таҷрибаи парлумонҳои кишварҳои якдигар дар бахши таҳия ва қабули қарору қонун ва санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

Намояндаи муваққатии ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея дар умури минтақавӣ дар навбати худ ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро аз мавзӯи меҳварии мулоқоти худ бо раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон арзёбӣ кард ва илова намуд, ки ҷониби Корея алоқаманди густариш пайдо кардани ин муносибот буда, барои тавсеаи он аз ҳамаи имконот истифода хоҳад кард.
Зикр шуд, ки Корея аз мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ҳамаи масъалаҳо ҷонибдорӣ мекунад ва таҳкими муносиботи дуҷониба бо ин кишвари Осиёи Марказиро аз аҳдофи асосии кишвараш медонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!