Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Амалиёти муштараки «Нелегал-2012» идома дорад

2 июн 2012, 05:01

Зимни баргузории амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо унвони шартии «Нелегал-2012» нисбати 87 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар  Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, мутобиқи фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ амалиёти муштараки «Нелегал-2012» аз санаи 10-ум то 28-уми майи соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиёти муштарак  297 корхонаву муассисаҳо ва марказҳои савдову нуқтаҳои хизматрасонӣ мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Дар пайи амалиёт танҳо дар ҳудуди бозори «КОРВОН» 53 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои надоштани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ба Ситоди амалиёт оварда шуда, нисбати 5 нафари онҳо мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи 4400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима ситонида шуд.
Хангоми гузаронидани амалиёти муштараки сохторҳои қудратии кишвар дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳолатҳои зиёди қоидавйронкунии буду боши шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави мамлакати мо ба тиҷорату соҳибкорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар ин самт метавон аз фаъолияти кормандони Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии ВКД  ёдовар шуд, ки онҳо чунин қоидавайронкуниҳои шаҳрвандони хориҷиро ошкор карда, бо тартиб додани протоколҳо ҷаримабандӣ кардаанд.
Бештар будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони ҷумҳурии мардумии Чин ва ҷумҳурии исломии Афғонистон ошкор шудааст, ки онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул будаанд.
Умуман, аз оғози амалиёт нисбати 87 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи 63 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Аз ҷумла 28 нафари онҳо барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон тибқи қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ ронда шуданд.
Феълан амалиётҳои муштарак дар ин самт идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии ВКД 16264 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 110 кишвар, ки дар ҷумҳурии мо ба таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ  машғуланд ба қайд гирифта шуда, таҳти назорат қарор доштаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!