Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:38

Я тебя познаю, Таджикистан!

5 июн 2012, 05:02

Дар мактаби миёнаи №1399-и шаҳри Маскав маҳфил-озмуне бахшида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Я тебя познаю, Таджикистан!» баргузор гардид. Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси директори мактаб Л.Ҷиҷавадзе, дар ҳамдастӣ бо раиси Кумита оид ба фарҳанг ва варзиши клуби донишҷӯён ва ҷавонон «Первые», роҳбари бахши ҷавонони клуби парлумони Федератсияи Русия А. Подгорний доир гардида, дар он омӯзгорон, толибилмони мактаб ва волидайни онҳо, инчунин ба ҳайси ҳакамон, кормандони сафорати Тоҷикистон С. Рашидов ва М. Қодирова иштирок карданд.Манбаъ гуфт, дар маҳфил дар бораи сатҳи хуби муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои неку созанда дар ростои илму фарҳанг ва маориф хотирнишон шуда, ташкили чорабинии мазкурро намунаи рӯшани он арзёбӣ намуданд. Дар маҳфил-озмун хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих ва фарҳангу адаби тоҷик, ҷуғрофия ва табиати Тоҷикистон баҳс ва табодули андеша намуда, Д. Филиппова, В. Беркун, В. Балабан, Л. Мартинова, А. Перминова ва Д. Рогов донандаҳои беҳтарини Тоҷикистон ва ғолибони озмун дониста шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!