Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:32

Прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои СҲШ ба Душанбе меоянд

5 июн 2012, 07:04

6 ва 7-уми июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 10-уми прокурорҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.

Зимнан, давоми рӯз иштирокчиёни ҷаласаи мазкур ба Душанбе ташриф меоранд. Субҳи имрӯз меҳмонон аз Қазоқистон ва Қирғизистон ташриф оварданд.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон гуфт, ки ба ҳавои боронӣ нигоҳ накарда, фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳои меҳмононро бо омодагии ҳамаҷониба қабул менамояд.
«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо фурудгоҳҳои кишварҳои аъзои СҲШ ҳамкорӣ дошта, парвозҳоро ба кишварҳои Қазоқистон (Алмаато), Чин (Урумчи), Қирғизистон (Бишкек), Русия (Москва-Домодедово, Москва-Внуково, Санкт-Петербург-Пулково, Новосибирск-Толмачёво Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Ёқутистон, Тюмен, Перм ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия)  анҷом медиҳад»,-афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, ва Ӯзбекистон узви Созмони ҳамкории Шанхай ҳастанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!