Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:46

Конибодом озмуни «Дурдонаҳо»-ро ҷамъбаст кард

5 июн 2012, 09:38

Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд озмуни «Дурдонаҳо» ҷараён дорад.

Рушду инкишофи санъати миллӣ, тарғиби санъати мусиқӣ, эҷодиёти бадеии халқ, анъанаҳои фарҳангии фолклорию этнографӣ, дарёфти истеъдодҳои нав аз аҳдофи аслии озмуни мазкур унвон мешавад. 1-уми июн «Дурдонаҳо» дар шаҳри Конибодом ҷараён гирифт. Дар он 100 ҷавонон иштирок намуданд. 13-14-уми июн бошад, шаҳри Хуҷанд ва  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизбони озмуни мазкур мешаванд.
Озмун аз рӯи 9 шарт, аз ҷумла навозиш бо асбобҳои мусиқии миллӣ дар иҷрои ансамбл, суруди якка дар васфи Ватан, модар, Тоҷикистон, суруди гурӯҳӣ, қироати шеър, бадеҳахонӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ ва барномаи ғайриозмунӣ гузаронида мешавад.
Гуфтанист, озмуни «Дурдонаҳо» дар ду давр доир мегардад. Давраи аввал моҳҳои апрел-май дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузашта, давраи дуюм моҳҳои июн-октябри соли равон дар театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
Иштирокчиёни беҳтарини озмун дар давраи вилоятӣ ширкат меварзанд. Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шоҳҷоиза сарфароз гардонида мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!