Наргис Нурова, масъули маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории Озодагон гуфт, ки рӯзи 2-юми июни соли равон, тахминан соати 14:20, се нафар истиқоматкунандаи деҳаи Қазоқободи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар канали Қумсангир ғарк шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Номбурда мегӯяд, ду нафари онҳо ҳангоми гузаштан аз болои пули болои руд аз ӯҳдаи идораи дучарха набаромада, ба об меафтанд. Нафари сеюм барои наҷот додани ғаркшудаҳо ба об даромада, ғарқ мешавад.
Барои пайдо намудани ҷасади ғарқшудаҳо дастаи зудамали наҷотдиҳии ситоди вилоят ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании ҷамоат сафарбар шудаанд. Ҳангоми бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ нерӯҳои ғайриҳарбии ҷамоати деҳотӣ мазкур ҷасади як нафари онҳоро пайдо карда ба наздиконаш супоридааст.
Феълан, барои дарёфт намудани ҷасади ду тани дигар корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Мӯҳр