Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:37

Ронандагони саргардон дар Зарафшон ва ё Русия ин навбат чӣ мехоҳад?

4 май 2011, 11:24

Субҳи имрӯз беш аз 50 нафар ронандагони автомашинаи мусофиркашонии тамғаи «Хундай-Старекс»  дар маҳаллаи Зарафшон ҷамъ омада, рафтуомади худро дар ин хатсайр қатъ карданд.

Сарнишинони маршрутҳои рақами 8-28 аз яку якбора болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ изҳори нигаронӣ намуда, иброз карданд, ки солярка аз нуқтаҳои фурӯш ғайб задаст.Тавре дар маҳалли таҷаммӯъ ба хабарнигори «Озодагон»  гуфтанд, тайи як шабонарӯзи  ахир қимати солярка аз 5 сомонию 20 дирам якбора ба 6 сомонию 20 дирам боло рафт ва гузашта аз ин бо чунин нарх ҳам дар бештари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дастрас намуданаш  ғайриимкон аст. Аксари онҳо сабаби болоравии нархи сӯзишвориро дар иҷоза надодани интиқоли  сӯзишвори аз ҷониби ширкати «Газпромнефт» ба нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ рабт доданд. Бархе аз ронандаҳои дигар бошанд мегӯянд, дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ солярка аст, аммо онҳо аз куҷое шуниданд, ки солярка қимат шуда истодааст, фурӯши онро манъ карданд ва баъд аз гузашти чанд вақт қиматтар мефурӯшанд.

Як тан аз ронандаи автомашинаи мусофикашонии Хундай, ки худро Хуршед муаррифӣ кард гуфт,   «аз саҳар ин ҷониб нигоҳ карда истодаам, ки кай ба нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ солярка меоранду мо мусофиркашониро оғоз мекунаем»

Масъулини ширкати «Газпромнефт» болоравии нархи сӯзишвориро ба боҷи содироти гумрукии Русия нисбат доданд ва гуфтанд, ки то агар ин боҷ аз байн бардошт нашавад, қимати сузишворӣ поён нахоҳад рафт.

Ба гуфтаи Эраҷ Басиров, як нафар масъули ширкати   «Газпромнефт» танҳо ба ҳамон  нуқтаҳои  фурӯши сӯзишворӣ маҳсулоти нафтӣ медиҳанд, ки ба ин ширкат таалуқ дорад. Номбурда афзуд, арзиши сӯзишворӣ дар  ҳаҷми 6 дирам боло рафтааст, на як сомонӣ. Ин дар ҳолест, ки аз 4 нафар фурӯшандаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ пусон шудем, посух доданд, ки қимати солярка дирӯз 5 сомону 20 дирам буд, аммо имрӯз ба 6 сомону 20 дирам расид.

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, мегӯяд, боҷи гумрукии Русия ба болоравии нархи бензин таъсир мерасонад, на солярка. Ба қавли ӯ боло рафтани нархи сузишворӣ ин як ангезаи сиёӣ буда, Русия аз чунин иқдом манфиатҳои худро меҷӯяд: «Аслан роҳбарияти ҳукумати  Тоҷикистон набояд ширкати «Газпромнефт»-ро ба кишвар роҳ медод. Ҳоло мебинем, ин ширкат бозори нафти кишварро монополия намудааст ва ба дигар ширкатҳои ватанӣ имкон намедиҳад, ки маҳсулоти худро фурӯшанд. Ҳукумати Русия аз ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ ду чиз мехоҳад. Яке ба даст овардани фурӯдгоҳи Айнӣ дигаре масъалаи марз . Ин барои Тоҷикистон як навъ фишор аст. Ҳоло дар назар аст, ки нархи сузишворӣ дар кишвар баъд аз чанд рӯзи дигар боз ҳам қимат мешавад. Бубинед, чанд кишвари ҳамсояи мо ворид шудани ширкати «Газпромнефт»-ро ба кишварашон иҷозат надоданд, зеро онҳо дарк намуданд, ки ин амал паёомадҳои нохуб дорад».

Акнун ки бозори фурӯши сӯзишворӣ аз сӯи як ширкати хориҷӣ аз худ карда шудааст, нархҳо боз ҳам боло мераванд.Коршиносон мегӯянд, то ду- се моҳи дигар арзиши маводи сӯхт ба 2 доллари амрикоӣ баробар хоҳад шуд, агар тахмини онҳо дуруст барояд, пас вой бар ҳоли мо «камбағалон»… Ё нодуруст гуфтам?

Алишер Зарифӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!